Дубаитихо — Amin Azimov

«Дубаитихо» — трек, созданный Amin Azimov с помощью нейросети Suno AI на платформе SUNO NEXT. Жанр: Afghan. Длительность: 2:14. Модель: V5.5. Слушать можно без регистрации; чтобы сохранить трек в MP3, понадобится бесплатный вход через VK ID.

Обложка трека Дубаитихо
🎵 Afghan 🤖 Модель: V5.5 ⏱ 2:14 ▶ 3 прослушивания ❤ 1 лайк 📅 5 сентября 2026 г.

Текст песни

ДУБАЙТИҲОИ БАҲОРӢ

Баҳор омад, биё, эй ёри ҷонӣ,
Бигӯ ҳарфи вафо бо меҳрубонӣ.
Баҳор омад, ту биштоб, эй гули ман,
Ки рӯзе меравад фасли ҷавонӣ.
* * * * * *
Баҳор омад, дили ман беқарор аст,
Ду чашми хастаам дар интизор аст.
Ту аз ҳоли дилам парво надорӣ,
Чи донӣ, ки дил аз ғамҳо фигор аст.
* * * * * *
Баҳор омад, гули рӯят надидам,
Зи боғи доманат ҳам гул начидам.
Зи шаҳди навбаҳорон даҳр лабрез,
Вале ман заҳри ғам бе ту чашидам.
* * * * * *
Баҳор омад, чу ғунча лаб кушодам,
Ба рӯйи сабзаи тар сар ниҳодам.
Расид андар димоғам накҳати гул,
Гули рухсори ёр омад ба ёдам.
* * * * * *
Баҳор омад, ҷаҳон гулзор бошад,
Ҳама дар ҷустуҷӯи ёр бошад.
Набошад хуштар аз ин шодмонӣ,
Ки ошиқ дар бари дилдор бошад.

Ещё от этого автора

← На главную · Тренды · Топ песен · Лента · Новые · Жанры · Блог